Дар созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom for Eurasia гуфтанд, Торемуродов дар фурудгоҳи Варшава дар боздоштгоҳи муваққат қарор дорад.
"Вай барои дарёфти паноҳандагӣ дархост дода буд. Ҳомиёни ҳуқуқ дахолат карданд. Ба вай гуфтанд, ки барои шаҳрвандони Узбекистон паноҳандагӣ намедиҳанд", - гуфт Лайло Нозгул Сейитбек, як масъули созмони Freedom for Eurasia.
Пештар мақомоти Лаҳистон Торемуродовро огоҳ карда буданд, ки бояд давоми 30 рӯз он кишварро тарк кунад.
Торемуродови 48-сола солҳои охир дар Қазоқистон зиндагӣ мекард. Вай тирамоҳи соли гузашта бо мақсади иштирок дар як конфронси Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба Лаҳистон рафта буд.
Баъди ин ӯро бо дархости Узбекистон боздошт карда буданд. Торемуродов бо гумони "сӯиқасд ба сохти конститутсионӣ" дар пайгард қарор дода буданд.
Баъди иштирок дар конфронс вай ба Австрия рафт ва дархости паноҳандагӣ кард.
Дар Австрия дархости ӯро рад ва 6 ноябр худи ӯро дубора ба Лаҳистон ирсол карданд.