Ссылки доступа

Қазоқистон ба минтақаи ягонаи замонӣ гузашт


Восход солнца на Алаколе. Иллюстративное фото
Восход солнца на Алаколе. Иллюстративное фото

Қазоқистон ба минтақаи ягонаи замонӣ - минтақаи UTC+5 гузашт, ки пештар танҳо қисмати ғарбии Қазоқистон дар ин минтақа қарор дошт.

Нимашабии 1 март соат дар шаҳрҳои муҳими он кишвар, амсоли Остона, Алмато ва Чимкент, инчунин дар вилоятҳои Абай, Акмола, Алмато, Қазоқистони Шарқӣ, Ҷамбил, Жетисуск, Қарағанда, Костанай, Павлодар, Қазоқистони Шимолӣ, Туркистон ва Улитауск тағйир кард.

Соат танҳо дар вилоятҳои Оқтеппа, Атирау, Қазоқистони Ғарбӣ, Қизилорда ва Мангистау тағйир накард, зеро ин вилоятҳо аз қабл дар минтақаи замонии UTC+5 қарор доштанд.

Мақомоти он кишвар ибтидои моҳи декабри соли 2023 хабар дода буданд, ки Қазоқистон ба минтақаи ягонаи замонӣ мегузарад.

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, бо ҳадафи "ҳифзи сиҳатии сокинон" чунин тасмим гирифтаанд.

Бархе аз сокинон зидди ин тағйирот буданд.

Коршиносон мегӯянд, Қазоқистон амалан дар минтақаҳои замонии UTC+3, UTC+4, UTC+5, UTC+6 қарор дорад.

То соли 2005 Қазоқистон ба соати тобистона ва зимистона мегузашт.

XS
SM
MD
LG