Ссылки доступа

Дар Қазоқистон фаъоли ҷамъиятӣ Абзал Достияровро боздошт карданд

Пулис дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли шаҳрвандӣ Абзал Достияровро боздошт кардааст.

Вай тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод, ки дар идораи пулис қарор дорад ва сабаби боздошташро намедонад.

Достияров замоне боздошт шудааст, ки духтарашро ба боғча мебурд. Дана Сарсенбой, ҳамсари Достияров гуфт, пулис шавҳари ӯро латту кӯб кардааст.

Абзал Достияров баҳсҳои додгоҳии рӯзноманигор Думан Муҳаммадкаримро дар шаҳри Конаев инъикос мекард.

XS
SM
MD
LG