Ссылки доступа

Расонаи Kaktus.media дар Қирғизистон барои пардохти ҷарима аз хонандагон кумак хост


Сомонаи Kaktus.media дар Қирғизистон эълом кард, ки барои пардохти ҷарима аз рӯи шикояти нашрияи "Вечерний Бишкек" ба кумаки хонандагон ниёз дорад.

Бино ба қарори Додгоҳи олии Қирғизистон аз 10 ноябри соли 2023, рӯзноманигор Диля Юсупова бояд 100 ҳазор сом ва фонди ҷамъиятии "ПроМедиа Плюс" (муассиси расонаи Kaktus.media) 500 ҳазор сом пардозад.

"Рӯзи 21 феврал судиҷрочиён ба идора омаданд ва пешниҳод карданд, ки қарори додгоҳ довталабона иҷро шавад. Диля Юсупова чунин маблағ надорад. Расона амалан ҳамаи даромадашро барои пардохти моҳона, андоз ва харҷҳои маъмурӣ равона мекунад", - гуфтанд дар Kaktus.media.

Расона рӯзи 28 феврал 100 ҳазор соми ҷаримаро пардохт карда ва уҳдадор шудааст, ки 400 ҳазори дигарро то 1 май мепардозад.

Моҳи феврали соли 2023 нашрияи "Вечерний Бишкек" "Kaktus.media"-ро ба додгоҳ кашид. Баҳси ин ду расона баъди он сар зад, ки "Kaktus.media" навишт, "Вечерний Бишкек" баста ва кормандонаш сабукдӯш шудаанд.

Ибтидо додгоҳи зинаи поёнӣ шикояти "Вечерний Бишкек"-ро қонеъ ва хабарнигори "Kaktus.media" Диля Юсуповаро ба пардохти 500 ҳазор сом ва "Kaktus.media"-ро низ ба пардохти ҳамин миқдор ҷуброн вазифадор карда буд.

Вале Додгоҳи олии Қирғизистон қисман қарорашро дар бораи шикояти "Вечерний Бишкек" аз болои расонаи "Kaktus.media" тағйир дод.

Ба ин тартиб, додгоҳ қарор кард, ки хабарнигори "Kaktus.media" на 500 ҳазор сом, балки 100 ҳамзор сом (бештар аз 1100 доллари ИМА) ҷарима пардозад. Ҷаримаи "Kaktus.media" бидуни тағйир боқӣ монд.

"Kaktus.media" дар навбати худ мегӯяд, маводи нашркардааш дуруст буд, зеро нашрияи "Вечерний Бишкек" то кунун аз чоп намебарояд ва қарздории ин нашрия бо санадҳо исбот шудааст.

XS
SM
MD
LG