Ссылки доступа

Узбекистон гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба СҶТ-ро бо 11 кишвар ба поён расондааст


Мақомоти Узбекистон гуфтугҳо бо 11 кишварро дар доираи шомилшавӣ ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) ба поён расонда, бо 9 тои онҳо санади дастрасӣ ба бозорро имзо кардаанд.

Гуруҳи гуфтугӯкунандаи Узбекистон барои шомилшавӣ ба СҶТ эълом кард, ки ахиран барои дастрасӣ ба бозорҳои Ҷопон, Исроил ва Ҷумҳурии Доминикан бо мақомоти ин кишварҳо санади дуҷониба имзо карда шуд.

Дар хадамоти матбуотии муовини сарвазири Узбекистон Ҷамшед Хоҷаев ба хабаргузории "Газете.uz" гуфтаанд, ки маросими имзои санадҳо дар ҳошияи конфронси вазирони СҶТ, ки аз 26 то 29-уми феврал дар шаҳри Абузабӣ баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Ҳаминтариқ Узбекистон гуфтугӯҳоро бо 11 узви СҶТ ба поён расонид. Раванди имзои санади дуҷониба бо ду кишвар - Шриланка ва Тайланд оғоз шудааст.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи апрели соли гузашта гуфта буд, ки Тошканд дар доираи стратегияи ду баробар афзоиш додани содироти мол бояд ба узвияти СҶТ шомил шавад. Вай таъкид карда буд, ки пайвастан ба ин созмон аз авлавиятҳои Узбекистон аст.

XS
SM
MD
LG