Дар хадамоти матбуотии додгоҳ 2 март гуфтанд, ки дар доираи ин парванда нисбати 6 нафар, аз ҷумла Ниёзалиева айб эълом ва ҳамаи онҳо айбдор дониста шуданд.
Додгоҳ ҳамаи гумонбаронро 3-солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. Вале онҳо бар асоси қонуни афви бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Қирғизистон ва 75-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҳабс озод карда шуданд.
Парвандаи ҷиноӣ зидди Ниёзалиева баъди нашри як навор боз шудааст. Дар навор шунида мешавад, нафаре, ки садояш ба Ниёзалиева монанд аст, бо масъули ситоди интихоботии вай бо номи Роман харидории овозҳоро баррасӣ мекунад. Дар ситоди интихоботии ӯ 29 майи соли 2023 бозҷӯӣ сурат гирифт.