"Бо Думан 1 март дар маҳбаси Толдиқурғон мулоқот кардам. Вай талаб дорад, ки роҷеъ ба шиканҷа шуданаш аз сӯи пулис зудтар тафтишот анҷом ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ҳамчунин баррасии парвандаи ӯ боз сурат гирад", - гуфт вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов.
Думан Муҳаммадкарим ахиран гуфта буд, ки дар роҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ бо ӯ муносибати бераҳмона сурат гирифтааст.
Нашрияи "Власть" бо истинод ба вакили дифои рӯзноманигор навишт, ки Муҳаммадкаримро бо дастони баста ва дар фасли зимистон дар як мошини сарду дорои тирезаи боз ба додгоҳ бурдаанд.
Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод. Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.