Ссылки доступа

Фаъоли қазоқ Айдар Сиздиковро 15 рӯз ҳабс карданд


Фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқ Айдар Сиздиков 15 шабонарӯз ҳабс шудааст.

Ба иттилои нашрияи "Тirek.info", ки таъқибҳои сиёсӣ дар Қазоқистонро пайгирӣ мекунад, Сиздиков 1 март барои иштирок дар тазоҳуроти осоиштаи назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар моҳи марти соли 2023 дастгир гаштааст. Эътирзгарон дар он тазоҳурот озодии маҳбусони сиёсиро талаб карда буданд.

Додгоҳи Остона 2 март фаъоли қазоқистониро дар нақзи қонуни ташкили ҷамъомадҳои осоишта айбдор ва 15 рӯз ҳабс кардааст. "Тirek.info" навишта, ки Сиздиков дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ ба ҷонибдорӣ аз ҳуқуқи занон дар рӯзи 8 март ҳабс карда шудааст.

Худи Сиздиков дар додгоҳ гуфта, ки қонунеро нақз накардааст ва он рӯз танҳо раванди эътирозро ба навор гирифта, маҳалли тазоҳуротро тарк карда буд.

Айдар Сиздиковборҳо дар ҳамоишҳои эътирозии осоишта бо талаби озодии маҳбусони сиёсӣ дар Қазоқистон иштирок кардааст.

XS
SM
MD
LG