Ссылки доступа

Худкушии ду духтарро аз нав таҳқиқ мекунанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Худкушии ду духтарро аз нав таҳқиқ мекунанд. Додситонии вилояти Суғд худкушии ду духтари ҷавонро дар шаҳри Панҷакент дигарбора ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳодиса моҳи сентябри соли 2023 рух дод ва сару садои зиёдро ба вуҷуд овард. То ҳол сабабу ангезаи воқеа маълум нест. (видео)

- Чаро нишасти мақомдорони тоҷик камранг шудааст?
Даври дигари нишастҳои хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон, ки дар шаш моҳ як дафъа баргузор шуда, як соат идома мекунад, дар моҳи феврал ба поён расид (видео)

- Маҳалли пешвози меҳмонони Ховалинг вайрон мешавад. Дар Хатлон қариб ҳар сол бо харҷи пули зиёд барои меҳмонону сайёҳон макону биноҳо сохта мешавад, аммо дар як фурсати кӯтоҳ онҳо ба харобазор табдил меёбанд. Мисли маконе дар Ховалинг, ки барои қабули меҳмонон сохта буданд ва он акнун батадриҷ вайрон мешавад. (видео)

- Дар Деваштич дарахтонро решакан ва боғдоронро асабонӣ карданд. Як гурӯҳ деҳқонони ноҳияи Деваштич наметавонанд бо дили пур вориди заминҳояшон шаванд ва кишти баҳории худро оғоз кунанд. (видео)

- Донишҷӯёни тоҷик дигарбора ба “маршировка” баргаштанд. Бо вуҷуди ҳавои сард даҳҳо донишҷӯ дар душанбе барои тамрин ё маршировкаи омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ҷалб шудаанд. Донишҷӯён ва волидони онҳо мегӯянд, ҷалб ба маршировка боиси ширкат накардан дар дарсҳо мешавад. (видео)

- "Лимит"-и нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе "кӯчид"? Навбатдори Идораи барқи Душанбе гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук се рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст. (видео)

- Ҳукумат сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои молиявиро ба нишасте даъват кард (видео)

- Ҷузъиёти парвандаи мансабдорро гуфтанд. Мақомоти Суғд боздошти як мансабдори баландпояи давлатиро дар ин вилоят шарҳ доданд. Додситони вилояти Суғд гуфт, Лоиқ Урунов, мансабдори Оҷонси хидмати давлатӣ ба он муттаҳам мешавад, ки бо сохтакории санадҳо хостааст, ба як ширкат дар Хуҷанд ғайриқонунӣ барои сохтани хона замин бидиҳад. (видео)

- Корхонаи тилошӯйии Ховалинг аз барқ қарздор шудааст. Қарзи корхонаи тилошӯйӣ аз хадамоти барқи Ховалинг ба 3 миллион сомонӣ баробар шудааст. Чӣ гуна?(видео)

- Чаро баъзе аз тоҷиконро ба Туркия роҳ надоданд? Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Истанбул дар боздошт ҳастанд. Аз Тоҷикистон ба нияти саёҳату тиҷорат ва рафтан ба кишвари севум рафтаанд, вале марзбонҳои Туркия иҷозаи вуруд надоданд. Қарори ихроҷи онҳо баромадааст (видео)

- Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст. (видео)

- Гумруки Тоҷикистон мегӯяд, "телефони мобилии қочоқӣ нахаред!". Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд. (видео)

- "Се мард писарамро ба комиссариат бурдаанд". Волидони ду ҷавон дар вилояти Суғд иддао доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро “ғайриқонунӣ” ба артиш бурдаанд ва бояд раҳо кунанд. Баҳс ба Додгоҳ кашида шудааст, аммо додраси зинаи аввал посухи рад дода (видео)

- Баъзе ширкатҳоро аз имтиёзи бепоён маҳрум мекунанд? Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод. Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд. (видео)

- Барфи деринтизор ҳосили имсоларо аз байн мебарад? Сардӣ ва барфрезии “деринтизор” дар Тоҷикистон кишоварзонро нигарон кардааст. Бахусус, дар минтақаҳое, ки баъзе аз дарахтон гул карда буданд (видео)

- Ҳукми раиси пешини як Додгоҳ дар Тоҷикистон. Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар вилояти Суғд бо гуноҳи ришвагирӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Сухан аз Насрулло Садриддинзода меравад. Ӯро баҳори соли 2023 дастгир карда буданд. (видео)

- Харидорони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон афзудааст. (видео)

- Ҷасади Алексей Навалний дар куҷо аст? (видео)

- Ҷабборов расман эътироф кард, ки ба маблағи $20 млн дороӣ дорад. (видео)

- Дар Бӯстон барои пешгирӣ аз беобӣ чора андешиданд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ аз эҳтимоли камобиву хушк шудани зироатҳои кишоварзон як обанборро дигарбора таъмир ва пур кардаанд. Кӯле, ки бо номи Комсомол дар Бӯстон шинохта мешавад, солҳои зиёд хушку ғайриқобили истифода буд. (видео)

- Мактаби паноҳҷӯёни афғонро дигарбора боз карданд. Ягона мактаби муҳоҷирону паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Тоҷикистон пас аз саргардониҳои зиёд, ҷойи дигар пайдо кард. Дари ин мактабро, ки садҳо нафар таҳсил мекунанд, чанде пеш ба сабаби напардохтани пули иҷораи бино бастанд (видео)

- Вазир таркиши Кӯлобро амали террористӣ номид. Бо гузашти беш аз як моҳ аз таркиши мошини раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ дар шаҳри Кӯлоб, мақомоти Тоҷикистон расман онро "амали террористӣ" хонданд. Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт, ин ҷиноятро "гурӯҳи муташаккил содир кардааст". (видео)

- Бонки Миллӣ гуфт, сомонӣ зиёд беқурб нашудааст. Бо вуҷуди шикояти пайвастаи сокинон аз болоравии қимати маводи ғизоӣ аз ҷумла нону равған, мақомоти Бонки Миллӣ мегӯянд, қурби сомонӣ аз меъёри пешбиникардаи онҳо поин нарафтааст. Таваррум, ки нишондиҳандаи поинравии қурби пули ҳар кишвар аст, ба қавли раиси Бонки миллӣ соли гузашта зиёд набуд. (видео)

- Муовини раиси Восеъро паси панҷара андохтанд. Як сол баъди боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон ахиран ҳукми додгоҳи ӯ содир шуд. Ӯро бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба шашуним соли зиндон маҳкум карданд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG