Ссылки доступа

Мақомоти қазоқ гуфтанд, кам кардани молиёти партови нақлиётро баррасӣ намекунанд

Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон гуфтааст, дар ҳоли ҳозир поин бурдани нархи тарифҳо барои коркарди партов ё “утилизатсия” баррасӣ намешавад.

"Поин бурдани қимати тарифҳо феълан дар баррасӣ нест. Чораҳои дахлдор роҷеъ ба пардохти молиёт ҳангоми қайди мошинҳои хориҷӣ бо маҳдуд кардани воридоти воситаҳои нақлиёти номутобиқ ба регламентҳои техникӣ ва равона кардани пули он ба рушди истеҳсоли дохилии мошинҳо андешида шудааст", - иттилоъ додааст хабаргузории КазТАГ бо истинод ба хадамоти матбуоти вазорат.

Як гуруҳ аз сокинони минтақаҳои гуногуни Қазоқистон бо талаби манъи пардохти пули “утилизатсия” ба шаҳри Остона рафтанд. Онҳо гуфтанд, мехоҳанд бо вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон вохӯрда, роҷеъ ба бекор кардани пардохти молиёти “утилизатсия” пешниҳодҳои худро баён кунанд.

Ҳудуди 70 ронанда моҳи феврали имсол бо талаби кам кардани молиёти партови воситаҳои нақлиёт то ба 200 ҳазор танга ҷамъ шуда буданд. Дар шаҳри Оқтеппа низ як ҳафта пеш ҳудуди 300 кас бо талаби ҳамсон таҷаммуъ карда буданд.

Дар Қазоқистон молиёт барои партови воситаҳои нақлиётро ширкати "Оператор РОП" ҷамъоварӣ мекард. Ин ширкатро, ки соли 2015 таъсис ёфта буд, ба Алия Назарбоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рабт медиҳанд.

XS
SM
MD
LG