Ссылки доступа

Иброҳим Рустамов: "Википедия донишнома аст, на зиндагинома"


Иброҳим Рустамов
Иброҳим Рустамов

Чанде пеш дар шаҳри Душанбе 20-солагии таъсиси Википедияи тоҷикиро ҷашн гирифтанд.

Дар он олими тоҷик Иброҳим Рустамовро яке аз бунёдгузорон ва муҳаррири нахустини Википедияи тоҷикӣ номида, афсӯс хӯрданд, ки натавонист дар ҷашн ширкат кунад.

Иброҳим Рустамов дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ мекунад. Бахши “Мигрант Медиа”-и Радиои Озодӣ ӯро дар аёлати Мичиган пайдо ва ҳамроҳаш суҳбат кард.

“Дар расонаҳо мақолаҳое ҳастанд, ки гуфта шудааст Википедия қоидаву имлои забони тоҷикиро риоя намекунад ва бояд ба ин ҷавобгӯ бошад. Шахсоне дар ин ё он мақомот ҳастанд, ки ҳамин хел айбҷӯӣ мекунанд.”

Донишманди тоҷик Иброҳим Рустамов мегӯяд, дар авҷи рушди Википедияи тоҷикӣ, пас аз чунин таҳдидҳо, бо нияти таҳсил дар Амрико соли 2015 аз Тоҷикистон рафт. Ҳафт сол дар докторантура хонд ва соли 2022 рисолаи докториро ҳимоя кард.

Ӯ нақши худро дар таъсис ва рушди Википедияи тоҷикӣ хоксорона баҳо медиҳад: “Википедия моли як нафар ё ташкилоте нест. Википедия моли омма аст. Муҳтавои Википедия зери иҷозаномаи Creative Commons аст. Яъне, ҳуқуқи муаллиф он ҷо нест, то як нафарро гӯем, ки асосгузори Википедия аст. Ман яке аз онҳо ҳастам.”

Аммо бист сол пеш, дар соли 2004, Иброҳим Рустамов тақрибан танҳо буд. Ӯро ба кори Википедия мутахассиси фанновариҳои итилоотӣ Рустам Қосимов раҳнамоӣ кардааст.

“Дар созмони Relief International кор мекардам. Вақте омӯзгорон аз чанд мактаби Тоҷикистон ба Душанбе даъват шуда будем, Рустам Қосимов, мутахассиси соҳаи фанновариҳои нав, дар бораи Википедия ба мо маълумот доданд. Сипас бо шогирдон саҳмгузориро ба Википедия ба нақша гирифта, вазифа медодам, мақолаҳоро аз Википедияи русӣ ё англисӣ ба тоҷикӣ тарҷума кунанд ё аз китобҳои дарсӣ ё энсиклопедия ба Википедия гузоранд,” – нақл кард ӯ.

Сарнавишти Иброҳим Рустамов душвор буд, он замон аҳамияти ин сомонаро зиёд дарк намекарданд ва ӯ зери фишори мақомот монд: “Ба ҷойи беҳтар кардани он айбҷӯӣ мекарданд. Дар байни корбарони Википедия, шахсан худи ман, ҳамин хел тарс пайдо шуд: кӣ бояд ҷавоб гӯяд? Албатта, камбудиҳо ҳамеша ҳаст ва забони тоҷикӣ қоидаҳои бисёре дорад, ки чанд бор тағйир доданд. Вақте Кумитаи забон таҳдидҳое кард, мушкилӣ ва тарс пайдо шуд.”

Ӯ мегӯяд ба Википедия тоҷикӣ шахсоне аз кишварҳои дигари ҷаҳон низ ёрӣ мерасонданд, ки забони тоҷикӣ намефаҳмиданд, аммо технологияро хуб медонистанд.

“Онҳо бо шаблонҳое, ки дар Википедия вуҷуд дорад, ба дигар Википедияҳо пайваста, ба мо ҳам кумак мерасонданд. Бо ҳамин роҳ имрӯз мақолаҳои Википедия аз 100 ҳазор гузашт. Ба сатҳи Википедияҳои ба забони англисӣ ё русӣ расидан, ба забони порсӣ расидан, хеле вақт талаб мекунад.”

Муҳаррирони имрӯзаи Википедияи тоҷикӣ низ ин мушкилотро дарк мекунанд. Дӯстмурод Саид, яке аз мудирони Википедияи тоҷикӣ, мегӯяд, “дар Википедияи англисӣ намояндагони беш аз 130 давлати ҷаҳон ҳастанд. Онҷо назар ба Википедияи русиву арабиву туркӣ саҳву хато камтар аст.”

Иброҳим Рустамов аз ҳолати имрӯзаи Википедияи тоҷикӣ норозӣ аст, ба фикри ӯ, ин донишнома бештар ба зиндагинома табдил шудааст: “Бояд бештар мақолаҳои илмӣ эҷод кунем. Википедия донишномаи озод аст ва он бояд ба донишнома мубаддал шавад. Мутаассифона, саҳифаҳое ҳастанд, ки дар масъалаҳои таърихӣ ва сиёсӣ якҷониба навишта шудаанд. Назари тарафи дуюм нест. Ягон сиёсатмадорро бисёр бад тасвир кардаанд, ба сабаби ки ба сиёсати имрӯзаи ин ё он кишвар ҷавобгӯ нест.”

Кор дар Википедия дар пешрафт ва омӯзиши қаҳрамони мо асаргузор будааст: “Барои кумак ба Википедия маҷбур мешудам, ки аз забонҳои англисӣ ва русӣ ба забони тоҷикӣ маълумотро тарҷума кунам. Ё аз тоҷикӣ ба Википедияи англисӣ гузорам. Баъд аз чанд рӯз медидам, ки корбарони дигари Википедия ба забони англисӣ онро беҳтар мекарданд, хатоҳои худро медидам, муқоиса мекардам. Бо корбарони дигари Викепидия шинос шудам.”

Иброҳим Рустам ба як анҷумани Викимания дар Тайван даъват шуд ва бо асосгузори он Ҷимми Уэлс вохӯрд. Ин дидор барояш роҳеро боз кард, ки Википедияи тоҷикиро беҳтар кунад.

“Дар бораи тарҷумаи нармафзори барномаи Википедия ба забони тоҷикӣ маълумот пайдо кардам. Вақте баргаштам, ҳаракат кардам, ки ҳамон нармафзорро ба забони тоҷикӣ баргардонам. Албатта, ҳастанд баъзе саҳифаҳое, ки то ҳоло тарҷума нашудаанд. Чунки нармафзор ҳамеша дар ҳоли рушд аст,” – мегӯяд ӯ.

Коре, ки ӯ бист сол пеш сар кард, имрӯз аҳамияти бузурге пайдо кардааст. "Википедияи тоҷикӣ мақолаҳои зиёде ба забони тоҷикӣ дорад. Унвонҷӯён, муҳаққиқон ва донишҷӯён метавонанд аз Википедия ба таври васеъ ва самарбахш истифода баранд," – гуфт устоди донишгоҳ Фарангис Қурбонова.

“Даъват дорам, ки Википедияро содда нагиранд. Дар Википедияи форсиву русиву ангилисиву туркӣ ҳам бояд фаъол бошем. Ҳар вақте аз дигар Википедияҳо бехабар мемонем, дигар миллатҳо ҳамон ақидаҳову ҳамон зеҳнияте, ки худашон доранд, дар Википедияҳои худашон бор мекунанд. Чун касе нест, ки вокуниш нишон диҳад," – гуфт Дӯстмурод Саид.

Донишманди тоҷик Иброҳим Рустамов бо дипломи Ҳартфорд дар кишвараш кор наёфт ва зиндагии муҳоҷириро пазируфт: “Зиндагӣ дар Амрико хуб аст. Шароите, ки ин ҷо дорем барои рушди инсон аст. Ҳоло таҷрибаомӯзӣ дорам. Кӯдаконам ин ҷо ба мактаб мераванд. Ҳамин сабаб шуд, ки аз Википедия камтар дур истам. Шояд рӯзҳои наздик боз ба Википедия баргардам.”

XS
SM
MD
LG