Дар ин бора шаҳрдори Алмат Ерболат Досаев рӯзи сешанбе хабар додааст.
"Ҳукумати шаҳри Алмато дар якҷоягӣ бо Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон то охири моҳи майи имсол барои огаҳ кардани сокинон аз ҳолатҳои изтирорӣ тавассути телефонҳои мобилӣ низомеро роҳандозӣ карданӣ аст. Барои ин кор 475 миллион танга ҷудо шудааст", - иқтибос овардааст нашрияи "Власть" аз суханони Досаев.
Дар Қазоқистон нисфирӯзии 4 март дубора замин ҷунбид. Маркази ин заминларза, ки 5 баллро ташкил медод, ин бор дар 31-километрии Алмато, дар марзи Қазоқистон бо Қирғизистон гуфта шуд.
Бори дувум аст, ки аз аввали имсол дар Алмато заминларза сурат мегирад. Заминларзаи аввал шаби 23 январ рух дода, иқтидори он дар марказ, дар 264-километрии Алмато 6,7 баллро ташкил медод.