Қарор ва тақвими моҳи Рамазон рӯзи 4-уми март нашр шуд. Масъулони Шӯрои уламо гуфтанд, тақвимро бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳо омода карданд.
Нисоби закот барои имсол 35 ҳазору 275 сомонӣ таъйин шудааст. Яъне, соҳибони ин миқдор дороӣ бояд 880 сомонӣ супоранд.
Садақаи фитр ба сари ҳар кас 7 сомонӣ ва фидя барои онҳое, ки имкони рӯзадорӣ надоранд, 420 сомонӣ муқаррар гардидааст.
Дар ин моҳ мусулмонон аз дамидани субҳ то расидани шом аз хӯрдан ва нӯшидан худдорӣ карда, бештар ба ибодат ва хайр машғул мешаванд.