Ссылки доступа

Раиси пешини Андиҷон дар зиндон фавтидааст

Баҳром Ҳайдаров
Баҳром Ҳайдаров

Раиси пешини вилояти Андиҷони Узбекистон Баҳром Ҳайдаров, ки барои азхудкунии маблағҳои буҷа аз озодӣ маҳрум шуда буд, дар зиндон фавтидааст.

"Интизор меравад, маълумоти пешакӣ дар бораи сабабҳои марги Баҳром Ҳайдаров дар зудтарин фурсат эълом шавад", - хабар додаанд расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Додситонии кулли Узбекистон.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов гуфтааст, раиси пешини вилояти Андиҷон бар асари бемории қалб даргузаштааст.

Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон 27 декабр Баҳром Ҳайдаровро дар "Азхудкунӣ", "Сохтакорӣ" ва "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" айбдор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳайдаров ҳамчунин аз ҳуқуқи кор дар вазифаҳои масъул, молиявӣ ба муҳлати 3 сол маҳрум ва 85 миллиону 750 ҳазор сӯм (7,6 ҳазор доллар) ҷарима шуда буд.

Додситонии кулли Узбекистон гуфта буд, ки Ҳайдаров дар мансаби пешинаш - сардори бахши молии вилояти Андиҷон - бо зердастонаш аз буҷаи вилоят 4,34 млн долларро ғорат кардааст.

XS
SM
MD
LG