Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон аз боздошти як фарди наздик ба роҳбари олами ҷиноӣ хабар доданд

Дар шаҳри Дубай шаҳрванди Қирғизистон Таалайбек Рисалиев боздошт шудааст. Вай дар пайгард қарор дошт, хабар дод Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.

Рисалиев ҳанӯз 21 феврал дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии бюрои Интерпол боздошт гардидааст.

Рисалиев иштирокчии фаъоли гуруҳи муташаккили ҷиноии Қамчӣ Асанбек (Колбоев) дониста мешавад.

"Рисалиев дар замони зинда будани Колбоев аз нуфузи вай истифода бурда, бо роҳҳои ғайриқонунӣ даромад ба даст меовард. Ба болои ин, Рисалиев бо ҳадафи даромад ба даст овардан ҷиноятҳои вазнин анҷом додааст", - омадааст дар хабари КДАМ.

Мақомоти Қирғизистон айни замон талош доранд, ки ӯро аз Дубай ба Қирғизистон оранд ва ба ҷавобгарӣ кашанд.

XS
SM
MD
LG