Ссылки доступа

Оғози баррасии парвандаи мансабдори пешини қазоқ бо гумони фасодкорӣ

Додгоҳи Чимкенти Қазоқистон 5 март баррасии парвандаи Мақсуд Исахов, муовини пешини раиси ин шаҳрро, ки бо гумони фасодкорӣ боздошт шудаааст, оғоз кард.

Додситон Мухтор Аристанов дар мурофиа гуфт, шаҳрдории Чимкент моҳи майи соли 2020 барои таъмири роҳи се хиёбони шаҳр ба маблағи 685 миллион танга озмун эълом кард.

Дар озмун ширкати "Старт-Строй" баранда шуд ва ширкати "АлемСтрой-1", ки ҷойи дувумро касб карда буд, ба додгоҳ шикоят кард ва додгоҳ низ шикояти ӯро пазируфт.

"Муовини раиси шаҳри Чимкент, ки тибқи ваколатҳои мансабиаш ба ин озмун робитае надошт, муовини раиси "Старт-строй"-ро ба утоқи корияш даъват карда, аз ӯ талаб мекунад, ки аз озмун даст кашад ва барояш ваъда медиҳад, ки ширкати онҳо дар озмуни дигар пирӯз мешавад. Вале соҳибкор рад мекунад. Сипас Исахов аз ширкати хусусӣ 187 миллион танга талаб кардааст", - изҳор дошт додситонӣ.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 20 июли соли 2023 аз боздошти Мақсуд Исахов хабар дода буд. Ба иттилои мақомот, ин мансабдорро "ҳангоми ҳамоҳангсозии фасодкорӣ" боздошт кардаанд.

Мақсуд Исахови 49-сола моҳи феврали соли 2020 муовини шаҳрдори Чимкент таъйин шуда буд. Ӯ дар гузашта ду сол дар маъмурияти президенти Қазоқистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG