Ссылки доступа

Расонаҳо: Қазоқистон транзити гази Русияро ба Узбекистон афзоиш доданист


Хабаргузории ТАСС 5 март иттилоъ дод, ки Қазоқистон аз соли 2026 транзити гази Русияро ба Узбекистон то ба 11 миллиард метри мукааб афзоиш медиҳад.

Қаблан Тошканди расмӣ гуфта буд, ки дар як сол се миллиард метри мукааб гази Русия тариқи Қазоқистон ба Узбекистон интиқол дода мешавад.

Ширкати "Узтрансгаз" ахиран хабар дода буд, ки мехоҳад низоми интиқоли газро бо ҳадафи афзоиши ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз минтақаҳои шимолии Узбекистон замонавӣ созад ва барои ин кор 500 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мешавад.

Дар қарори ҳукумати Узбекистон дар бораи иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ дар шашмоҳаи аввали соли равонгуфта шуда, ки барои замонависозии низоми воридоти газ дар давраи аз соли 2024 то 2023 $500 млн ҷудо хоҳад шуд.

Замонависозии низом имкон медиҳад, ки ҳаҷми воридоти газ ба Узбекистон то 32 миллион метри мукааб дар як шабонарӯз афзоиш дода шавад.

Узбекистон аз 7 октябри соли гузашта тавассути самти шимолии худ гази Русияро ворид месозад.

XS
SM
MD
LG