Ссылки доступа

Ҳалокати се узви як оила аз дуди ангишт дар Тоҷикистон


Бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт се нафар дар деҳаи Турушбоғи ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳии Ҳисор, канори шаҳри Душанбе, ҷон бохтаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 6-уми март дар эъломияе гуфт, онҳо аъзои як оила ҳастанд.

Ҳодиса шаби 5-уми марти имсол рӯй додааст. Ҷузъиёт дар даст нест.

"Ба наздикони ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ карда, бори дигар аз мардум даъват менамоем, ки тамоми қоидаҳои бехатариро риоя кунанд. Бухорӣ ва дудбароҳоро тафтиш кунед!" -- гуфта шудааст дар эъломияи Кумита.

Ҳафтаи гузашта аз дуди ангишт шаш узви як оила, аз ҷумла чаҳор кӯдак, ҷон бохтанд.

Онҳо дар маҳаллаи Гравзавод, дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мезистанд. Ҳодиса дар рӯзҳои сарду бебарқӣ дар Тоҷикистон рӯй дод ва боис ба вокунишҳои зиёд шуд.

Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ки Музаффар Давлатови 38-сола ва ҳамсару кӯдаконаш аз дуди ангишт фавтиданд. Наздикони марҳум мегӯянд, онҳо дар тағора чӯб ва резина рӯшан карда будаанд.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, кормандони мақомот дар ҷои ҳодиса буданд, вале натиҷаи таҳқиқи марги аъзои ин хонавода эълон нашудааст.

Бори аввал нест, ки дар рӯзҳои сард сокинон аз дуди ангишт мефавтанд. 8-уми декабри соли 2023 се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтанд.

Дар оғози соли гузашта дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом фавтиданд.

Сокинони Тоҷикистон дар тирамоҳу зимистон барқи доимӣ надоранд ва маҷбуранд барои гарм кардани хона аз ангишт истифода баранд. Аммо ин усули гармкунии хона барои бархе бо қимати ҷонашон тамом мешавад.

XS
SM
MD
LG