Ссылки доступа

Сабаби сахттар шудани тафтишро дар марз бо Узбекистон гуфтанд (видео)


Почему усилены проверки на границе с Узбекистаном?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:04:45 0:00

Афзоиши мавридҳои кашф ва мусодираи маводи мухаддир дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Узбекистон сабаби баҳсе миёни рӯзноманигорон бо сарони бунгоҳи мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар ва идораи гумрук дар вилояти Суғд шуд.

Намояндагони идораи гумрук дар Суғд мегӯянд, дар охири соли 2023 дар гузаргоҳи Фотеҳобод як шаҳрванди Тоҷикистонро бо беш аз 71 кило ҳероин дастгир кардаанд.

Ин миқдор маводи нашъаоварро як сокини шаҳри Истаравшан дар мошини боркаш ҳамроҳи нӯшобаҳои “Кока-Кола” ба Узбекистон бурдан мехостааст.

Зафар Маҳмадиев, сардори раёсати гумрук дар вилояти Суғд, гуфт: "Мошинро то гузаргоҳи Фотеҳобод пайгирӣ кардем. Се шабонарӯз кормандони мо бо сагҳо дар гузаргоҳ мошинро кофтанд, баъд ёфтанд."

Ба гуфтаи Зафар Маҳмадиев, таҳқиқи қазияро муфаттишони додситонӣ ба уҳда доштанд ва аз натиҷаи он иттилои расмӣ нашр нагаштааст.

Моҳи августи соли 2023 гумруки вилояти Тошканди Узбекистон хабар дод, ки дар гузаргоҳи "Ойбек" (Фотеҳобод аз тарафи Тоҷикистон) мошине бо қариб 53 кило ҳашиш ва беш аз 3 кило ҳероин боздошт шудааст. Маводи мухаддирро дар дохили зарфи газ ва сӯзишвории мошин ҷойгир карда будаанд.

Зафар Маҳмадиев мегӯяд, “қочоқи маводи мухаддир дар тамоми дунё ҳаст. Пеши роҳи инро гирифта намешавад. Вақте дар дохили зарфи мошин ҳасту саг наёфт, одам онро чӣ хел меёбад? Аз ин рӯ, нисбат ба ду коргари мо парванда оғоз карданд. Онҳо аз кор рафтанд.”

Байни Тоҷикистон ва Узбекистон 13 гузаргоҳ воқеъ аст. “Фотеҳобод - Ойбек” дар ноҳияи Мастчоҳ ҷойгир буда, яке аз гузаргоҳҳои асосӣ ба шумор меравад.

Солҳои пеш идораи гумруки Узбекистон аз дохили нақлиёте, ки аз Тоҷикистон мерафтанд, маводи мухаддир пайдо карда буданд ва ин масъала боис ба саргардонии садҳо мусофир аз ду ҷониб шуда буд.

Сафаралӣ Олимзода, иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар вилояти Суғд гуфт: “Дар ҳақиқат, дар Узбекистон бо маводи мухаддир дастгир карданд. Лекин ин асос барои ғамдиҳии шаҳрвандони мо дар онҷо нашудааст. Чунин маълумот надорем. Тафтиш аз тарафи худамон сахт шуд, назорат аз тарафи шуъбаи кинологияи мо ҳам ташкил шуд, тамоми мошинҳои ду тарафро санҷида буданд.”

Ин гуфтугузор дар ҳолест, ки расонаҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз мавридҳои зиёди қочоқи маводи мухаддир хабар медиҳанд. Рӯзноманигорон дар баҳс бо мансабдорон ҳадс заданд, ки чунин афзоиш эҳтимол бе даст доштани афроди бонуфуз имконнопазир аст.

XS
SM
MD
LG