Ссылки доступа

Тоҷикистон хоҳони оташбаси фаврӣ дар Фаластин шудааст


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, барои ҷорӣ шудани оташбаси фаврӣ дар Фаластин "чораҳои муассир" андешанд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар ин бора дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гап задааст. Нишаст "дар бораи вазъи фалокатбори Фаластин" рӯзи 5-уми марти имсол гузашт.

"Анҷоми иқдоми муассир барои... бо роҳи мусолиматомез расидан ба сулҳи пойдор дар минтақа" аз хостҳои дигари дипломати тоҷик будааст.

Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2023 тавассути намояндааш дар Созмони Милал аз қатъномаи оташбаси фаврии башардӯстона дар Ғазза пуштибонӣ кард.

Он замон Исроил, Амрико, Австрия, Чехия ва шаш давлати дигар ба зидди тарҳ баромада буданд.

Тоҷикистон дар охири моҳи октябри соли 2023 низ аз қатъномаи оташбаси фаврӣ дар Ғазза ҳимоят карда буд.

Дертар, 11-уми ноябри ҳамон сол, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте дар Арабистони Саудӣ гуфт, “кушта шудани ҳазорон аҳолии осоишта” ва “хароб гардидани инфрасохтори ҳаётан муҳим”-ро дар Ғазза сахт маҳкум мекунанд.

Мақомоти Исроил пайваста ҷангҷӯёни гуруҳи “Ҳамос”-ро муттаҳам кардаанд, ки аз аҳолии осоишта, бахусус занону кӯдакон, барои худ сипар месозанд.

Даргирии охир байни Исроил ва гуруҳи "Ҳамос" пас аз он сар шуд, ки ҷангҷӯён рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ба ҷануби Исроил ҳуҷум карда, 1200 нафарро куштанд ва 240 касро гаравгон гирифтанд. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гуруҳи "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Дар панҷ моҳи ҷанг теъдоди кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ аз 30 ҳазор нафар гузаштааст.

XS
SM
MD
LG