Ссылки доступа

Зидди фаъоли зиндонии қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова як парвандаи дигар боз кардаанд


Зидди фаъоли қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова, ки бо айби "ғасб"-и фурудгоҳи Алмато 4 сол зиндонӣ шудааст, бо моддаи "Барқасдона расонидани зарари ҷисмонӣ" парванда боз кардаанд.

Дар ин бора Айнара Айдархонова, вакили мудофеи Тлеужанова хабар дод.

Вакил гуфт, 24 феврал нисбати Айгерим "аз ҷониби занони зиндонӣ иғво ташкил шуда ва занон ба сардори зиндон аз латту кӯб шудан аз ҷониби Айгерим шикоят кардаанд".

Пештар расонаҳо навишта буданд, ки вазъи сиҳати фаъоли мадании қазоқистонӣ Айгерим Тлеужанова дар зиндон бад шудааст.

Вакили дифои фаъоли зиндонӣ Айнара Айдарханова гуфта буд, 29 январ бо зерҳимояи худ мулоқот кард ва ӯ аз сардӣ дар маҳбас шикоят кардааст.

"Дар маҳбас хеле сард аст. Тлеужанова ба дарди сутунмуҳра гирифтор шудааст. Гуруснанишинӣ вазъи сиҳатии вайро бадтар кардааст", - иқтибос овардааст нашрияи "Власть" аз суханони вакили дифоъ.

Магнис Сабиров, сардори зиндони № 10, ки фаъоли қазоқ дар он нигаҳдорӣ мешавад, бад шудани вазъи сиҳатии Тлеужанова ва сард будани маҳбасро рад кардааст.

Додгоҳи Алмато тобистони соли гузашта Тлеужановаро дар доираи парвандаи "ғасби фурудгоҳи Алмато" ҳангоми ҳодисаҳои январии соли 2022, чаҳор сол зиндонӣ кард. Тлеужанова ин айбро дар додгоҳ рад карда буд.

XS
SM
MD
LG