Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон сарусадоҳо дар бораи фурӯхтани оби Тоқтогулро шарҳ дод


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, фурӯхтани оби обанбори Тоқтогул, ки кишварро бо барқ таъмин мекунад, ғайриимкон аст.

Ҷабборов ин нуктаро дар посух ба суоли рӯзноманигори хабаргузории расмии "Кабар", ки гуфт баъзе сарусадоҳое ҳастанд, ки гӯиё норасоии барқ дар Қирғизистон ба далели фурӯхтани оби обанбори Тоқтогул ба миён омадааст.

"Ба назари ман, ин сухани одамоне ҳастанд, ки намефаҳманд ва дар ҳаққи кормандони соҳаи энергетика туҳмат мекунанд. Дар обанбор дурбинҳои онлайнӣ насб шудаанд. Ҳама чи таҳти назорат аст", - изҳор дошт раисҷумҳури Қирғизистон.

Ба гуфтаи Ҷабборов, агар касе обро фурӯшад, сахт муҷозот карда хоҳад шуд.

Шабакаҳои миллии барқи Қирғизистон ахиран хабар дод, ки дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони ин кишвар маҳдудияти "кутоҳмуддат" ҷорӣ шудааст.

Манбаъ гуфт, ин маҳдудиятро ба далели ҷараён доштани таъмир дар неругоҳҳои Тоқтогул ва Учқурғон, ки 5 март оғоз шудааст, ҷорӣ карданд.

Ин хабарро вазири энержии Қирғизистон Таалайбек Ибраев низ дар порлумон тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи вазир, таъмир дар неругоҳҳо бояд 20 феврали имсол оғоз мешуд, вале ба далели сардиҳо то 5 март ба таъхир гузошта шудааст.

XS
SM
MD
LG