Ваколатдори ҳуқуқи кудак дар Узбекистон Сураё Раҳмонова хабар додааст, ки алайҳи сокини ноҳияи Қаршии Қашқадарё барои истисмори шаҳвонии ноболиғ 5 март тафтишот шуруъ гаштааст.
Ҷабрдида, сокини 16-солаи ноҳияи Пасдарғоми вилояти Самарқанд гуфтааст, ӯ дар пайи як нофаҳмӣ бо волидонаш хонаашонро тарк карда ва шиносаш ӯро бо худ ба ноҳияи Қаршӣ бурдааст.
Ба гуфтаи духтар, зани соҳибхона вайро ба фоҳишагӣ маҷбур кардааст. Духтар пас аз як муддат тавонистааст, аз хонаи зан фирор кунад.
Мақомот бо дархости ваколатдор тафтиши ҳодисаро оғоз кардаанд. Ба гумонбар аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.