Ссылки доступа

Манъи истифодаи смартфонҳо дар Донишгоҳи омӯзгорӣ


Истифодаи смартфон ё телефонҳои ҳушмандро барои донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар ҳудуди мактаби олӣ ва ҳангоми дарс манъ кардаанд.

Ба навиштаи саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи омӯзгорӣ, ин қарор дар моҳи сентябри соли 2024 ба иҷро медарояд.

Масъулон гуфтанд, смартфонҳо ё телефонҳои ҳушманд ба раванди дарсхонии донишҷӯён халал мерасонад. Роҳбарияти Донишгоҳи омӯзгорӣ аз волидон хостаанд, фарзандони худро бидуни телефонҳои ҳушманд ба дарс фиристанд.

Ин тасмими Донишгоҳи омӯзгорӣ интиқоди баъзе аз корбаронро ба миён овардааст.

Ҳоло маълум нест, ки агар донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгорӣ бо худ смартфон баранд, чӣ ҷазо хоҳанд гирифт.

XS
SM
MD
LG