Канали "ASTRA" дар паёмакрасони Телеграм навишта, ки шаҳрвандони 35-сола ва 32-солаи Қазоқистон 28 феврали имсол вориди Русия шуда, гӯиё мехостанд дар ин кишвар ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.
Манбаъ кушташудаҳоро узви "Вилояти Хуросон", як шохаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" номидааст.
Қаблан ФСБ хабар дода буд, ки аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия пешгирӣ кардааст. Ба иттилои хадамоти махсуси Русия, "террористон" дар натиҷаи муқобилият нишон додан дар вилояти Калуга кушта шуданд.
Аз маҳалли зисти кушташудаҳо силоҳ ва лавозимот барои сохтани маводи тарканда пайдо шудааст.
Кушта шудани шаҳрвандони Қазоқистонро Кумитаи амнияти миллии ин кишвар низ тасдиқ кард. Кумита гуфт, дар якҷоягӣ бо ФСБ ҳодисаро таҳқиқ мекунад.