Ссылки доступа

Дар Бухоро фаъолонро баъди хабар додан дар бораи тахриби биноҳо таҳти фишор қарор доданд


Сносы в центре Бухары начались 26 февраля 2024 года.
Сносы в центре Бухары начались 26 февраля 2024 года.

Тахриби даҳҳо бинои таърихӣ ба хотири сохтани маркази сайёҳии "Бухорои боқӣ" дар Бухорои Узбекистон миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтааст.

Рӯзноманигорон ва блогероне, ки дар бораи тахриби биноҳо хабар доданд, зери фишор қарор гирифтаанд.

"Он чизе ки ҳоло дар Бухоро рух медиҳад - ҷиноят аст ва ин тахрибкориҳо дар таърих ҳамчун яке аз рӯзҳои сиёҳи Узбекистон сабт мешаванд", - гуфт як блогер аз Бухоро ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ҳадди ақал чаҳор блогере, ки дар бораи тахрибҳо навиштанд, гуфтанд, ба онҳо фишор меоранд.

Рӯзи 26 феврали соли ҷорӣ дар Бухоро ба тахриби чанд иншооти давлатие шуруъ карданд, ки дар ҷойи онҳо маркази сайёҳии "Бухорои боқӣ" сохта хоҳад шуд.

Тарҳи "Бухорои боқӣ" 470 млн доллар арзиш дошта, дар майдони 32,6 га ва дар солҳои 2024-2026 сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG