Ссылки доступа

Дар ИМА пулис узбекистониеро парронд, ки ҳамсарашро бо корд захмӣ карда буд


Зодаи 46-солаи Узбекистон, ки ҳамсарашро дар Ню-Йорки ИМА бо корд захмӣ кард, аз сӯи пулис парронида шуд. Дар ин бора нашрияи New York Post хабар медиҳад.

Ҷамшед Неъматов ҳамсараш Амира Неъматоваро дар чорабинии хонаводагии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии зан дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ корд мезанад.

Пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз Ҷамшед Неъматов талаб кардааст, ки кордашро партояд. Пулис мунтазири аксуламали ин зодаи Узбекистон нашуда, ӯро мепарронад. Дар натиҷа Ҷамшед Неъматов мефавтад.

Ҳамсари вай ҷарроҳӣ шудааст.

Ин ҷуфти узбекистонӣ чаҳор фарзанд доранд.

XS
SM
MD
LG