Ссылки доступа

Қирғизистон талош дорад, шаҳрванди дар Тоҷикистон бо айби ҷосусӣ зиндониашро ба Қирғизистон интиқол диҳад


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, дар бораи Кубодбек Юлдошев, шаҳрванди зиндонии ин кишвар дар Тоҷикистон ҳамаи маълумотро ҷамъ овардааст.

Рӯзи 7 март вакили порлумони Қирғизистон Султонбой Айжигитов дар бораи зиндон шудани Юлдошев хабар дод ва аз мақомоти Қирғизистон хост, ки ба ӯ кумак расонанд.

Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфт, намояндагиҳои дипломатӣ бо модар ва дигар пайвандони Юлдошев робита доранд. "Оид ба интиқоли вай ба Қирғизистон сафорат бо мақомоти масъули Тоҷикистон гуфтугӯ дорад", - хабар доданд дар вазорати хориҷаи Қирғизистон.

Бино ба иттилои мавҷуда, шаҳрванди 36-солаи Қирғизистон Қубодбек Юлдошев 20 январи соли 2023 бо айби ҷосусӣ дар Тоҷикистон зиндонӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG