Хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон иттилоъ дода, ки ҷасадҳо субҳи 8 март оварда шуданд.
Расонаҳо қаблан хабар дода буданд, ки 4 март дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико шаҳрвандони 21 ва 22-солаи Қирғизистон ҷон бохтанд.
Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар Амрико 36 ҳазор қирғизистонӣ кору зиндагӣ мекунанд.
Қаблан раиси ҷамъияти "Кыргыз биримдиги" дар Чикаго Умар Жусупбеков ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар ду соли ахир беш аз 70-80 ҳазор ҳамватанаш ба Амрико рафтааст.