Ссылки доступа

Қазоқистон тасмим дорад, фурӯши маҳсулоти қирғизистониро маҳдуд созад


Дар Қазоқистон тасмим доранд, маҳсулотеро дар фурӯш манъ созанд, ки дар Қирғизистон соҳиби иҷозатнома шудааст. Дар ин бора вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон хабар доданд.

Ин вазорати Қазоқистон мегӯяд, мақомоти Қирғизистон санадҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулотро бе риоя кардани тартибот ва бе озмоиши кофӣ содир мекунанд. Дар он ниҳоди Қазоқистон гуфтанд, дар охири соли 2023 Қазоқистон 413 озмоишгоҳ дошт ва Қирғизистон ҳамагӣ 43 озмоишгоҳ. Аммо дар солҳои 2022-2023 ниҳодҳои Қирғизистон бештар аз Қазоқистон иҷозатнома додаанд.

"Мақомоти масъули Қазоқистон ин масъаларо борҳо дар ҷаласаҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бардоштанд, аммо роҳи ҳалле пайдо нашуд. Давом ёфтани ин масъала ба ҳаёт ва сиҳатии шаҳрвандон, ҳифзи муҳити атроф ва ғайра таъсири манфӣ мерасонад", - омадааст дар хабари вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон.

Ин ниҳод пешниҳод кардааст, ки шуруъ аз 1 июли соли 2024 воридоти маҳсулоте ба Қазоқистон манъ шавад, ки дар Қирғизистон иҷозатномаи истеҳсол дарёфт кардааст.

Мақомоти Қирғизистон ин тасмими Қазоқистонро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Қирғизистону Қазоқистон ҳар ду аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд ва узвият дар ин созмон имкон медиҳад, ки бидуни пардохти гумрукӣ ба кишварҳои ҳамдигар маҳсулот содир кунанд. Аммо мақомоти ҳар ду кишвар борҳо аз кам будани гардиши маҳсулот шикоят кардаанд. Ба илова ҳар чанд аз гоҳе дар марзи ду кишвар навбатпойии мошинҳои боркаш сар мезанад.

XS
SM
MD
LG