Ссылки доступа

Як варзишкорро дар Қирғизистон дар исрофкорӣ гумонбар карданд


Пулис мудири мактаби варзишиеро боздошт кард, ки дар исрофи молу мулки ғайр гумонбар мешавад. Дар ин бора вазорати корҳои дохилии он кишвар рӯзи 12 март хабар дод.

Мудири Департаменти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Бишкек ба пулис ариза навишта ва аз камомади дастгоҳҳо ва василаҳои варзишӣ шикоят кардааст. Аз рӯи ин шикоят мақомот бо моддаи "Азхудсозӣ ва ё исрофи молу мулки ғайр" парванда боз кардаанд.

Ҳангоми тафтишон муайян шудааст, ки С.К., соли таваллудаш 1985 ҳангоми мудири мактаби варзишӣ таъйин шудан дипломи қалбакӣ пешниҳод кардааст. Аз рӯи ин далел бо моддаи "Тақаллуби аснод" парванда боз шудааст.

Дар натиҷаи таҳқиқ аз рӯи ду модда мақомот С.К.,-ро боздошт карда ва додгоҳи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек ӯро ба ҳабси хонагӣ гирифтааст.

Мақомоти Қирғизистон ному насаби боздоштшударо ошкор накардаанд, аммо расонаҳо менависанд, вай Канибек Сагинбоев - мудири мактаби захираи олимпии Бишкек аст. Вай соли 2021 ба мудирии ин мактаб таъйин шудааст.

XS
SM
MD
LG