Ссылки доступа

Томок Аканэ - ҳамоне, ки дастури боздошти Путинро дод, раиси Додгоҳи байналхалқӣ шуд


Томок Аканэ раиси Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ ва Розарио Салваторе ва Рейн Алапини-Гансу муовинони вай интихоб шуданд.

Моҳи марти соли 2023 Аканэ бо Салваторе дастури боздошти президенти Русия Владимир Путинро дода буданд. Аканэ бо муовинонаш барои 3 сол интихоб шуданд.

"Барои ман ифтихор аст, ки раиси Додгоҳи байналхалқӣ интихоб шудам. Ман барои ба роҳ мондани гуфтугӯи байни мақомоти додгоҳӣ бо ҷониби ҳимоя ва ҷониби ҷабрдида, инчунин тақвияти гуфтугӯ байни давлатҳои узв ва давлатҳое, ки ҳанӯз аъзо нестанд, талош мекунам", - гуфт Аканэ.

Моҳи марти соли 2023 Аканэ, Салватор ва Серхио Херардо Угалде Годинес дастури боздошти Путин ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Мария Лвова-Беловаро дода буданд. Путин ва Мария дар ихроҷи иҷбории кӯдакон аз ҳудудҳои ғасбшудаи Украина ба Русия айбдор мешаванд.

XS
SM
MD
LG