Ссылки доступа

Ҳавопаймои ҳомили халабонҳои низомии рус дар Иваново суқут кард


Як ҳавопаймои низомии борбари Русия дар наздикии пойгоҳи Шимолӣ дар шаҳри Ивановои ин кишвар суқут кардааст.

Ба иттилои Вазорати дифои Русия, дар дохили ҳавопаймои "Ил-76" 8 узви экипаж ва 7 мусофир қарор дошт.

Раиси вилояти Оренбурги Русия Денис Паслер гуфт, дар натиҷаи суқути ҳавопаймо халабонҳои вилоят, ки дар қисми 117-уми ҳамлу нақли низомӣ хидмат мекарданд, кушта шуданд.

Раиси вилояти Твери Русия Игор Руденя хабар дод, ки дар миёни кушташудаҳо халабонҳои низомии ин вилоят ҳам ҳастанд.

Муҳаррики ҳавопаймо ҳангоми парвоз оташ гирифтааст ва халабонҳо талош кардаанд, ба пойгоҳи низомии Шимолӣ баргарданд, вале натавонистаанд.

Вазорати дифои Русия парвозро нақшавӣ номида, аз интиқоли боре тавассути он хабар надодааст. Дар робита ба суқути ҳавопаймо парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG