Ба гуфтаи Ҷомарт Алиев, сарусадоҳо дар бораи он ки аз Қазоқистон гази метани тоза хориҷ шудааст, "чандон дуруст нестанд".
"Бояд гуфт, ки гази тозаи метан хориҷ нашудааст. Зеро метан худ гази заҳрогин аст. Дар саросари ҷаҳон дар ҳолатҳои садамавӣ онро месӯзонанд. Дар баъзе аз расонаҳо навиштаанд, метани тоза дар ҳаҷми бузург ба ҳаво партоб шудааст, ки ҳақиқат надорад", - изҳор дошт Алиев.
Қазоқистон узви Ташаббуси ҷаҳонӣ оид ба метан (Global Methane Initiative) аст, ки вазифааш коҳиши партобҳои умумии метан ба ҳаво мебошад.