Бишкек гуфт, тасмими мақомоти қазоқ хусусияти эҷод кардани монеа дар бозори дохилии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро дорад ва ҳамчунин дастрасии соҳибкорони кишварҳои узвро ба бозори дохилӣ маҳдуд мекунад.
Масъулони Вазорати иқтисоду тиҷорати Қирғизистон мегӯянд, барои ҳалли ин мушкил бо Департаменти танзими техникии Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва ҳамаи ҷонибҳои манфиатдори Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё машварат хоҳанд кард.
Кумитаи танзими техникӣ ва метрологияи Вазорати савдову ҳамгироии Қазоқистон ахиран лоиҳаи қарореро таҳия кард, ки маҳдуд кардани гардиши маҳсулотеро, ки дар Қирғизистон иҷозатнома доранд, пешбинӣ мекунад.
Дар лоиҳа омадааст, ки гардиши маҳсулоти дорои иҷозатномаи Қирғизистон дар Қазоқистон аз 1 июли соли равон маҳдуд карда шавад.
Мақомоти қазоқ дар шарҳи тасмими худ гуфтанд, ҳамтоёни қирғизи онҳо санадҳои марбут ба сифати маҳсулотро бидуни санҷиш медиҳанд.