Ссылки доступа

Парвандаи вазири пешини қазоқ бо иштироки мушовирони халқӣ баррасӣ мешавад


Парвандаи вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон Куандик Бишимбоев, ки дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукенова, муттаҳам аст, бо иштироки мушовирони халқӣ баррасӣ мешавад.

"Додгоҳ дархости айбдоршаванда дар бораи баррасӣ шудани парванда бо иштироки мушовирони халқиро пазируфт", - изҳор дошт додрас Айжан Кулбоева 12 март.

Кулбоева ҳамчунин изҳор дошт, ки мурофиаи нахустини вазири пешини қазоқ 27 март баргузор мешавад.

Бишимбоевро додгоҳи шаҳри Остона 11 ноябри соли 2023 бо гумони қатли ҳамсараш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта буд. Аз рӯи ин иттиҳом Бишимбоев мумкин аст, то 15 сол зиндон шавад.

Вазири пешини иқтисоди миллии Қазоқистон дар куштори ҳамсараш Салтанат Нукеноваи 31-сола гумонбар мешавад. Бино ба хабарҳои ибтидоӣ, Нукенова дар натиҷаи латту кӯб фавтидааст.

Куандик Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Аммо чанд нафари айбдоршаванда дар доираи парвандаи мазкур бо ҷониби айбдоркунанда мувофиқат карда, нисбатан ҷазои сабуктар гирифтанд. Бишимбоев айбҳои эълоншударо рад кард.

Вазири пешин моҳи январи соли 2017 боздошт шуд. Вай яке аз ҷавонтарин вазирони ҳукумати Қазоқистон буд. Бишимбоев ҳамагӣ 26 сол дошт, ки ба мақоми вазирӣ таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG