Ҳамчунин рӯзноманигори "Арча Медиа" Сайфидин Султоналиев, корманди расонаи "ПолитКлиника" Тинистон Асипбек ва рӯзноманигори "Алга Медиа" Актилек Капаров ҳам дар ҳабс хоҳанд монд.
Додгоҳ муҳлати ҳабси боздоштшудаҳоро то 13 майи имсол дароз кардааст. Қаблан муҳлати ҳабси корманди пешини тарҳ Жоодар Бузумов ва корманди кунунии "Temirov LIVE" Азамат Ишенбеков низ то 13 май тамдид гашта буд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 17 январ 11 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла корманди пешини ва кунунии "Temirov LIVE"-ро то 13 марти имсол ба ҳабс гирифта буд.
Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфта буданд, ки зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.