Ссылки доступа

Атазов - вакили қирғизистонӣ додситони он кишварро дар робита доштан бо Матраимов айбдор кард


Вакили порлумони Қирғизистон Шайлообек Атазов гуфт, додситони кулли он кишвар Қурманқул Зулушев бо Райимбек Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумрук робита дорад.

Атазов дар ин бора рӯзи 13 март дар ҷаласаи порлумон суҳбат кард.

Ба гуфтаи вай, дар Қирғизистон "сиёсатмадоре нест, ки бо Матраимов робита надошта бошад".

"Ду сол ба дунболи мандати ман гашт ва ниҳоят додситони кул ба ҳадафи худ расид. Шумо мегӯед, ки ман бо Матраимов робита дорам. Қирғизистониҳои муҳтарам, кадом сиёсатмадор бо Матраимов робита надорад? То Матраимов ман бо афроди зиёде иртибот доштам - барои пешбурди варзиши Қирғизистон. Додситони кул Зулушев, шумо ку дӯсти ҷонии Матраимов будед, дар рӯзи зодрӯзатон гуфтед: "То омадани дӯсти ман Матраимов ғизо нахӯред". Шумо се сол аст, ки додситони кул ҳастед ва агар Матраимов ҷинояткор буд, шумо инро надидед? Шумо натавонистед, ӯро чанде пеш ҳангоми боз кардани бинои нави муфтиёт боздошт кунед?", - гуфт Атазов.

Додситони кулли Қирғизистон ҳанӯз ба ин ҳарфҳои Атазов вокуниш накардааст.

То замоне, ки Матраимов дар пайгард эълом нашуда буд, Атазов борҳо аз вай дар порлумони Қирғизистон ҳимоят кардааст. Атазов ҳамчунин дар гирдиҳамоиҳои марбут ба пуштибонӣ аз Матраимов иштирок дошт. Ва то замони вакил интихоб шудан мудири бошгоҳи варзишии EREM буд, ки ин бошгоҳ ба Матраимов тааллуқ дошт.

Додгоҳе дар Қирғизистон ҳафтаи гузашта қарори бекор созии мандати вакилии Атазовро содир кард. Акнун Атазов тарки порлумон мекунад.

Вай гуфт, қарори додгоҳ ғайриқонунӣ аст ва ҳеч асоси ҳуқуқие надорад.

Мақомоти Қирғизистон Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси хадамоти гумруки он кишварро дар пайгарди байналхалқӣ эълом кардаанд. Мақомоти он кишвар ҳамчунин афродеро таъқиб мекунанд, ки бо Матраимов робита доранд.

XS
SM
MD
LG