Ссылки доступа

Низомиҳои Қазоқистон 13 март размоиш барпо мекунанд


Вазорати мудофиаи Қазоқистон хабар дод, ки 13 март қисме аз низомиҳо дар наздикии шаҳри Остона размоиш барпо мекунанд.

Ҳаракати техникаи низомӣ дар доираи "марҳилаи навбатии санҷиши маҷмуии омодагии неруҳо ва техникаи низомӣ" сурат мегирад.

Ба далели гузашти техникаи низомӣ дар қисме аз роҳҳои мошингарди наздикии Остона ҳаракати мошинҳо маҳдуд мешавад.

Ҳаракати техникаи низомӣ дар Қазоқистон дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина таваҷҷуҳи бештареро ҷалб кардааст.

XS
SM
MD
LG