Ссылки доступа

"Зиндагии ман баъди издивоҷ поён ёфт." Чаро зулм ба занон кам нашуд?


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Як созмони ҳомии ҳуқуқ дар Белгия гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёд натавонистааст, пеши бадрафториву зулму ситамро ба занон бигирад.

Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар бовар дорад, ки барои поён додан ба ин тамоюли бад ҳукумат бояд кори бештаре анҷом диҳад. Гузориш “Зиндагии ман баъди издивоҷ тамом шуд” ном дорад ва рӯзи 8-уми март нашр шуд.

Кори хусусии ҳар оила?

Дар гузориш омадааст, ба мисли солҳои пеш маълум кардани миқёси ҷабру зулм ба занон дар Тоҷикистон мушкил аст, зеро ҳукумат омори пурраро дар бораи бадрафториву зӯроварӣ ба занон нашр намекунад. Айни замон худи занони ситамдида аз тарси афкори ҷомеа ё гапи мардуму атрофиён ва ҳам аз тарси интиқоми шавҳар ё хешованд ба мақомоти интизомӣ муроҷиат намекунанд.

Аммо дар гузориш маълум кардаанд, ки ҳар дувумин зани тоҷик дар як давраи умри худ латукӯб шуда ё таҳти фишори равониву иқтисодии шавҳар, ё аъзои дигари оила мондааст. Дар гузориш нақли чанд занеро овардаанд, ки чӣ гуна шавҳар онҳоро бераҳмона задаву кӯфта, аз хона рондааст ва ё кӯдаконашонро гирифта, аслан иҷоза надодааст, ки модар фарзандашро бубинад.

Як таҳқиқе аз чанд соли пеш дар Тоҷикистон худ баёнгари то чӣ ҳад зиёд будани ҷабру ситам ба занон аст. Ин таҳқиқ аз соли 2017 аст ва маълум кардааст, ки аз миёни ҳар даҳ зани тоҷик камаш ҳашт нафари онҳо гуфтаанд, таъми талхи бадрафториву ҷабру зулм аз шавҳар ё каси дигарро чашидаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, чандин барномаро барои решакан кардани табъизу хушунат бо занон қабул кардааст. Дар таҳқиқи нав дар бораи хушунат ба пажуҳиши дигаре дар кишвар такя кардаанд, ки ЮНИСЕФ ё Бунёди ҳимоят аз кӯдакон анҷом додааст.

Дар ин пажӯҳиш дар соли 2022 бештар аз 75 дар сади пурсидашудагон гуфтаанд, хушунат бо занону духтарон дар Тоҷикистон зиёд паҳн шудааст ва як мушкили ҷиддӣ ба ҳисоб меравад. Аммо ин омор боис ба нигаронист, ки тақрибан нисфи онҳое, ки назар додаанд, гуфтаанд, задану азоб додани зан дар хона чӣ аз тарафи шавҳар ё хешовандаш, кори хусусии ҳамон оила аст ва касе набояд ба он дахолат кунад.

Як созмон гуфт, зулму ситам ба зани тоҷик кам нашудааст
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:54 0:00

"Онҳо ҳаққи гап задан надоранд"

Қисмати зиёде ҳам ё 41 дар сад гуфтаанд, задани ҳамсар кори баде нест ва шавҳар масалан метавонад, занро барои итоат накардан ё ҷанҷолу даъво ва ё анҷом надодани кори хона ва ё ҳатто барои сарпечӣ аз ҳамхобагӣ бизанад. Дар миёни пурсидашудагон ҳам 97 корманди давлат будаанд ва тақрибан 17 дар сади онҳо гуфтаанд, ки латукӯби зан гоҳе зарур аст.

Дар ин таҳқиқ омадааст, ки чӣ гуна волидон духтарони аз 15 то 17-соларо азоби равонӣ медиҳанд, намегузоранд, аз хона берун раванд, аз синфи 9 аз мактаб мегиранд, то ҳарчӣ зудтар ба шавҳар бидиҳанд. Муаллифони таҳқиқоти созмони Ҳамкории Байнулмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар бо як нафаре суҳбат кардаанд, ки гуфтааст, “масалан дар вилояти Хатлон 90 дар сади мардон ё хушдоманҳо ба занон, ҳамчун ғулом ва ё каниз муносибат мекунанд. Онҳо ҳаққи гап задан надоранд ва наметавонанд, ягон орзуи хешро амалӣ кунанд.”

Як бахши муҳими гузориш дар бораи расидагии мақомот ба шикоятҳо аз хушунат ба зану духтарон аст. Аммо дар инҷо ҳам тақдири занон бад будааст, чунки онҳо пас аз муроҷиат ба сад балои дигар гирифтор мешудаанд. Муаллифон гуфтаанд, вақте як зани тоҷик аз зулми шавҳар ё узви дигари оила ба милиса шикоят мекунанд, дар онҷо баръакс худашро гунаҳкор мекунанд ва ба ҳолаш механданд.

Барои собит кардани онки зан аз дасти ҳамсар ё каси дигар зулму ситам дидааст, ӯ бояд худаш вакил ёбад, харҷи ташхиси тиббиву расмиёти дигарро пардозад. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, ҳангоми ин кор мақомоти милиса ва ё ҳатто додгоҳ ба ҷойи мадад ба зани ҷабрдида ба ӯ фишор меоранд, ки бо ҳамон марди ситамгар ё касе, ки занро озору азият додааст, оштӣ кунад. Барои ҳамин, ба қавли муаллифони гузориш, бисёре аз заноне, ки зулму ситам дидаанд, барои ҳаққи худ ва расидан ба адолат мубориза намебаранд.

Бо назардошти ин ҳама созмони Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Башар, ки дар Белгия қароргоҳ дорад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои решакан кардани хушунат бар зидди зан талоши бештар ба харҷ бидиҳад.

XS
SM
MD
LG