Ссылки доступа

Дар Қазоқистон намоиши як барномаро баъди иштироки ҷабрдидаи хушунати хонаводагӣ қатъ карданд


Телевизиони давлатии "Хабар"-и Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки намоиши барномаи ток-шоуи "Бірақ..." (Аммо)-ро қатъ кунад.

Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки муҷрии ток-шоу дар барномаи ахир аз зани хушунатдида даъват кард, бо ҳамсараш оштӣ кунад.

Вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Аида Балаева бо тасдиқи ин хабар гуфт, барнома баҳсҳои тундеро дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард ва бинобар ин, намоиши он қатъ карда мешавад.

Зан дар барнома гуфт, шавҳараш, ки бо ҳам 18 сол зиндагӣ кардаанд, дасташро шикаст ва ӯ маҷбур шуд, кудаконашро гирифта, хонаро тарк кунад. Ҷабрдида дар барнома бо ниқоб баромад мекард ва намояндагони телевизион ҳам ба ӯ ваъда дода буданд, ки шавҳараш дар барнома иштирок намекунад. Вале шавҳари зан дар барнома ҳозир шуд ва аз ӯ талаб кард, ки ниқобашро бигирад. Муҷрии барнома низ дар ҳоле ки зан гиря мекард, аз ӯ пурсид, ки иҷозат медиҳад, то шавҳараш фарздони худро бубинад.

Барнома дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард. Корбарон гуфтанд, таҳиягарони барнома ба хотири "рейтинг" занро маҷбур карданд, ки бори дигар ранҷ бикашад.

XS
SM
MD
LG