Ссылки доступа

CPJ аз мақомоти Қирғизистон хост, рӯзноманигорони боздоштшударо озод кунанд


Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ) дар робита ба тамдиди ҳабси рӯзноманигороне, ки дар таҳқиқҳои фасодкорӣ дар Қирғизистон иштирок доштанд, изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин созмон 13 март бо нашри як изҳорот аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки рӯзноманигоронро озод кунанд. "Мақомоти Қирғизистон бояд парванда алайҳи кормандони кунунӣ ва пешини тарҳи "Темиров Live"-ро фавран қатъ карда, онҳоро аз ҳабс озод кунанд", - омадааст дар изҳорот.

Ба гуфтаи масъулони созмон, ҳабси дастаҷамъонаи рӯзноманигорон баёнгари буҳрони афзояндаи озодии расонаҳо дар Қирғизистон мебошад.

Додгоҳи Қирғизистон муҳлати ҳабси 8 рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, аз ҷумла кормандони тарҳи "Temirov LIVE" Оқил Орозбеков, Айк Бейшекеева ва Мақсад Тоҷибек уулуро то 13 майи имсол тамдид кард. Ин рӯзноманигорон моҳи январи имсол боздошт шуда буданд.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, зидди боздоштшудаҳо бо гумони "беназмии оммавӣ" ва "даъват ба итоат накардани фаъолона ба талабҳои қонунии мақомот, даъват ба бетартибиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба зӯроварӣ нисбати шаҳрвандон" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Худи гумонбарон ин иттиҳомҳоро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG