Ссылки доступа

Додгоҳи Тошканд ронандаи таксиро барои озори мусофири ноболиғ 5 рӯз ҳабс кард


Ронандаи таксие, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон мусофири худ - духтари 15-соларо дар роҳ озор дода, ба ӯ суханҳои фаҳш гуфтааст, 5 шабонарӯз ҳабс шуд.

Қарори ҳабси ронандаро Додгоҳи ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд 12 март содир кардааст.

Модари ноболиғ дар додгоҳ гуфтааст, ӯ 9 марти имсол аз ширкати "Яндекс Go" таксӣ кироя кард, то ду духтари 15-солаашро ба хона барад. Вале ронанда М.Г. дар роҳ ба духтар суолҳои ҳархела дода, суханҳои фаҳш гуфтааст.

М.Г. дар додгоҳ гуноҳи худро пурра эътироф кардааст.

XS
SM
MD
LG