Ссылки доступа

Свердлов: "Гум шудани ду мухолифи ҳукумат аломати нигаронкунанда аст"


Сӯҳроб Зафар
Сӯҳроб Зафар

Намояндагони "Гурӯҳи 24" рӯзи 12-уми март гуфтанд, ки барои пайдо кардани Сӯҳроб Зафар, раҳбари ин созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ба мақомоти Туркия ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар муроҷиат кардаанд.

Суҳроб Зафар рӯзи 10-уми март дар Туркия нопадид шуд. Аз ин пеш, дар моҳи феврал, Насимҷон Шарифов, узви дигари “Гурӯҳи 24” дар Туркия ғайб зад.

Ҷонибдорони “Гурӯҳи 24” мегӯянд, эҳтимол дар кадом муомилаи пинҳонии миёни мақомоти тоҷику турк ин ду нафар "рабуда шуда бошанд".

Убайдулло Саидӣ, сухангӯйи "Гурӯҳи 24", рӯзи 12-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт: "Барои пайдо кардани эшон талошҳо кардем, то ин дам натиҷа надод. Ба созмонҳои ҳуқуқи башар, Созмони Милал, Хонаи Озодӣ муроҷиат кардем. Бар илова, ба сафоратҳои Туркия дар кишварҳои гуногун дархост фиристодем, то кумак кунанд. Ҳамчунин як намояндаи худро ба Додситонии шаҳри Истанбул фиристодем."

Мақомоти Тоҷикистон ва Туркия дар ҳарду маврид иттилое надоданд.

Стив Свердлов, ҳомии ҳуқуқи инсон, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нопадид шудани ду мухолифи ҳукумати Тоҷикистон “ҷиноят ва мояи нигаронии амиқ аст”.

“Мақомоти Туркия ва Тоҷикистон бояд ҳарчӣ зудтар ҷойи нигаҳдории Сӯҳроб Зафарро эълон кунанд. Аз қазо ман бо ӯ дар тамос будам ва дар бораи бенишон шудани Насимҷон Шарифов суҳбат доштам. Ӯ низ аз рӯзи 24-уми феврал бенишон аст ва касе намедонад, ки дар куҷост. Насимҷон ҳам дар Истанбул зиндагӣ мекард," -- гуфт Свердлов.

Ин ҳомии ҳуқуқи инсон афзуд, ҳангоми суҳбат бо ӯ фаъолони тоҷик гуфтаанд, ки "аз намояндагони хадамоти махсуси Тоҷикистон таҳдидҳои зиёде мегиранд".

"Мақомоти Туркия ҳам ба онҳо борҳо иттилоъ додаанд, ки зери хатар ҳастанд. Ҳоло ду фаъоли созмон нопадид шудаанд ва ин як аломати фавқулода нигаронкунанда аз саркӯби фаромиллии мухолифон аз тарафи Тоҷикистон ва эҳтимолан даст доштани Туркия дар ин саркӯб аст. Аз ин рӯ, мо аз Душанбе ва Анкара даъват мекунем, бе ягон таъхир ҷойи нигаҳдории ин одамонро эълон кунанд."

Созмони Freedom House ё Хонаи Озодӣ дар гузашта дар як гузорише гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои тақвияти қудрат мухолифонро дар хориҷа ҳам ором намегузорад ва ҳадаф гирифта, саркӯб мекунад.

XS
SM
MD
LG