- Зиндагии мардум дар Рамазон осонтар шуд ва ё сахт? Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳоти кишвар бо маҳудият барқ дастрас мекунанд (видео)
- Идибек мегӯяд, ба шикояташ эътибор намедиҳанд. Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, ки дар натиҷаи латукӯби ҳамсоягонаш аъзои таносулиаш сахт осеб дид, вале мақомоти интизомӣ шикоятҳои ӯро ба эътибор намегиранд. Айни замон, онҳое, ки Идибек Нусратов ба ҷиноят муттаҳам мекунад, мегӯянд, ӯ бемории равонӣ дорад ва иттиҳомаш дурӯғу беасос аст. (видео)
- Дар Хатлон ба хабарнигорон чӣ гуфтанду чӣ супурданд? Мақомот дар вилояти Хатлон низ рӯзноманигоронро ба Иди матбуот табрик гуфтаанд (видео)
- Як созмон гуфт, зулму ситам ба зани тоҷик кам нашудааст. Як созмони ҳомии ҳуқуқ рӯзи 8-уми март дар гузорише роҷеъ ба хушунат ва ҷабру зулм ба занон дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳукумат бо вуҷуди қабули барномаҳои зиёд натавонистааст, пеши бадрафториву зулму ситам ба занонро бигирад. (видео)
- "Бачаи мо бегуноҳ аст, озод кунед". Додгоҳи Ваҳдат як сокини 23-солаи ин шаҳрро барои нашри видеои танқидӣ аз шеваи бо зур ба артиш бурдани бародараш ба панҷ сол зиндон маҳкум кард (видео)
- "Ҳар кас кӯрпаро тарафи худаш мекашад". Рӯзи 11-уми март, рӯзноманигорони тоҷик дар шароите аз 112-солагии матбуоти тоҷик таҷлил карданд, ки ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ озодии баён дар кишвар сол ба сол маҳдудтар мешавад. (видео)
- Муҳаммадюсуф Исмоилов ҳаққи рӯзноманигорӣ надорад ва чайнворд месозад. Пас аз 11 соли зиндон, рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов то соли 2025 ҳаққи хабарнигорӣ ё ҳамкорӣ бо расонаҳоро надорад. Ҳамакнун ҳамчун сокини ноҳияи Ашт вай ба як рӯзномаи давлатӣ чайнвордҳо мефиристад ва ба ин васила рӯзгорашро пеш мебарад. Фарзон Муҳаммадӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд. (видео)
- Сабаби камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон чист? Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар як моҳи ахир баҳсу норозигии зиёдеро ба бор овард, бахусус баъди марги як хонавода дар шаҳри Душанбе. Дар барномаи Гапи озод ин масъала матраҳ шуд, ки оё мудирияти номуносиб сабаби камбуди нерӯи барқ дар кишвар аст, ё сабабҳои дигар. (видео)
- Сӯхтор дар бозори Бохтар асосан ба тоҷирони афғонистонӣ зиён расондааст. (видео)
- "Се кас маҷруҳ шуд." Занозании гурӯҳии муҳоҷирон дар Маскав. Рӯзи 5-уми март дар яке аз сохтмонҳои Маскав ҷанҷоли гурӯҳии муҳоҷирон сар зад. Дар пайи он се нафар маҷруҳ шуда, ду кас ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ба тақрибан даҳ нафар аз ширкатдорони занозанӣ хатари ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад. (видео)
- Шикояти марди нобино: "Аз некӣ гуфт, аммо ғорат кард". Як марди нобино дар Душанбе шаш моҳ боз ҷавонеро меҷӯяд, ки бо баҳонаи некӣ ӯро ғорат кардааст. Аслиддин Ҷалилов мегӯяд, ҷавон бо истифода аз корти бонкии ӯ пулро аз ҳисоби бонкиаш гирифт. Мақомоти интизомӣ ҳам зоҳиран парванда ва шикояти ин марди нобино ва муҳтоҷро фаромуш кардаанд. (видео)
- Дар Русия мехоҳанд, аз муҳоҷирони корӣ “ҳақ” ситонанд.
Дар Русия пешниҳод доранд, ки аз муҳоҷирони корӣ қабл аз даромадан ба ин кишвар “ҳақ” биситонанд. Қарор аст, тарҳи қонун дар ин бора ба Думаи Давлатӣ фиристода шавад (видео)
- Худкушии ду духтарро аз нав таҳқиқ мекунанд. Додситонии вилояти Суғд худкушии ду духтари ҷавонро дар шаҳри Панҷакент дигарбора ба баррасӣ гирифтаанд. Ҳодиса моҳи сентябри соли 2023 рух дод ва сару садои зиёдро ба вуҷуд овард. То ҳол сабабу ангезаи воқеа маълум нест. (видео)
- Чаро нишасти мақомдорони тоҷик камранг шудааст?
Даври дигари нишастҳои хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон, ки дар шаш моҳ як дафъа баргузор шуда, як соат идома мекунад, дар моҳи феврал ба поён расид (видео)
- Маҳалли пешвози меҳмонони Ховалинг вайрон мешавад. Дар Хатлон қариб ҳар сол бо харҷи пули зиёд барои меҳмонону сайёҳон макону биноҳо сохта мешавад, аммо дар як фурсати кӯтоҳ онҳо ба харобазор табдил меёбанд. Мисли маконе дар Ховалинг, ки барои қабули меҳмонон сохта буданд ва он акнун батадриҷ вайрон мешавад. (видео)
- Дар Деваштич дарахтонро решакан ва боғдоронро асабонӣ карданд. Як гурӯҳ деҳқонони ноҳияи Деваштич наметавонанд бо дили пур вориди заминҳояшон шаванд ва кишти баҳории худро оғоз кунанд. (видео)
- Донишҷӯёни тоҷик дигарбора ба “маршировка” баргаштанд. Бо вуҷуди ҳавои сард даҳҳо донишҷӯ дар душанбе барои тамрин ё маршировкаи омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ҷалб шудаанд. Донишҷӯён ва волидони онҳо мегӯянд, ҷалб ба маршировка боиси ширкат накардан дар дарсҳо мешавад. (видео)
- "Лимит"-и нерӯи барқ ба шаҳри Душанбе "кӯчид"? Навбатдори Идораи барқи Душанбе гуфт, дастур гирифтаанд, ки интиқоли нерӯи барқро бо навбат дар маҳаллаҳои пойтахт қатъ кунанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳавои хунук се рӯз боз соатҳо аз рӯшноиву гармӣ маҳрум ҳастанд. Ин ҳолат зиндагиро дар баландошёнаҳо мушкилтар кардааст. (видео)
- Ҳукумат сармоягузоронро ба Тоҷикистон даъват кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои ҷалби сармоя сафирони кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои молиявиро ба нишасте даъват кард (видео)
- Ҷузъиёти парвандаи мансабдорро гуфтанд. Мақомоти Суғд боздошти як мансабдори баландпояи давлатиро дар ин вилоят шарҳ доданд. Додситони вилояти Суғд гуфт, Лоиқ Урунов, мансабдори Оҷонси хидмати давлатӣ ба он муттаҳам мешавад, ки бо сохтакории санадҳо хостааст, ба як ширкат дар Хуҷанд ғайриқонунӣ барои сохтани хона замин бидиҳад. (видео)
- Корхонаи тилошӯйии Ховалинг аз барқ қарздор шудааст. Қарзи корхонаи тилошӯйӣ аз хадамоти барқи Ховалинг ба 3 миллион сомонӣ баробар шудааст. Чӣ гуна?(видео)
- Чаро баъзе аз тоҷиконро ба Туркия роҳ надоданд? Як гурӯҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон мегӯянд, дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Истанбул дар боздошт ҳастанд. Аз Тоҷикистон ба нияти саёҳату тиҷорат ва рафтан ба кишвари севум рафтаанд, вале марзбонҳои Туркия иҷозаи вуруд надоданд. Қарори ихроҷи онҳо баромадааст (видео)
- Тоҷикистон бо "Толибон" гуфтушунид дорад?Пажуҳишгоҳи швейтсарии умури ҷаҳонӣ ё Swiss Institute for Global Affairs рӯзи 21-уми феврал навишт, “Толибон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон миёнарави гуфтушуниди онҳо бо ҷамоати “Ансоруллоҳ” шудаанд. “Ансоруллоҳ”, ки асосан аз ҳисоби ҷангҷӯёни тоҷик таркиб ёфтааст, дар хоки Афғонистон фаъол аст. (видео)
- Гумруки Тоҷикистон мегӯяд, "телефони мобилии қочоқӣ нахаред!". Моҳҳои ахир,масъалаи сабти IMEI ва пардохти боҷӣ гумрукӣ барои телефонҳо ба мавзӯи баҳс табдил шудааст. Хадамоти гумрук мегӯяд, телефон ва ҳар дастгоҳҳои дигаре, ки бо симкорт кор мекунанд, ҳангоми овардан ба кишвар бояд дар нуқтаҳои гумрукӣ сабти ном карда шавад, вагарна қочоқӣ ба ҳисоб мераванд. (видео)
- "Се мард писарамро ба комиссариат бурдаанд". Волидони ду ҷавон дар вилояти Суғд иддао доранд, ки мақомот фарзандони онҳоро “ғайриқонунӣ” ба артиш бурдаанд ва бояд раҳо кунанд. Баҳс ба Додгоҳ кашида шудааст, аммо додраси зинаи аввал посухи рад дода (видео)
- Баъзе ширкатҳоро аз имтиёзи бепоён маҳрум мекунанд? Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, барои озодӣ аз пардохти андоз ё молиёт ба ширкату корхонаҳо дигар ба таври бебаркаш ва бемаҳдуд сабукӣ нахоҳанд дод. Бо талаби баъзе аз созмонҳои молии байнулмилалӣ, маҳдудият ҷорӣ шудааст. Аз ҷумла, муҳлати тақдими имтиёз на бештар аз панҷ сол хоҳад буд. (видео)
- Барфи деринтизор ҳосили имсоларо аз байн мебарад? Сардӣ ва барфрезии “деринтизор” дар Тоҷикистон кишоварзонро нигарон кардааст. Бахусус, дар минтақаҳое, ки баъзе аз дарахтон гул карда буданд (видео)
- Ҳукми раиси пешини як Додгоҳ дар Тоҷикистон. Раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар вилояти Суғд бо гуноҳи ришвагирӣ ба зиндон маҳкум кардаанд. Сухан аз Насрулло Садриддинзода меравад. Ӯро баҳори соли 2023 дастгир карда буданд. (видео)
- Харидорони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон афзудааст. (видео)
- Ҷасади Алексей Навалний дар куҷо аст? (видео)
- Ҷабборов расман эътироф кард, ки ба маблағи $20 млн дороӣ дорад. (видео)
- Дар Бӯстон барои пешгирӣ аз беобӣ чора андешиданд. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои пешгирӣ аз эҳтимоли камобиву хушк шудани зироатҳои кишоварзон як обанборро дигарбора таъмир ва пур кардаанд. Кӯле, ки бо номи Комсомол дар Бӯстон шинохта мешавад, солҳои зиёд хушку ғайриқобили истифода буд. (видео)