Ссылки доступа

Дар Узбекистон омӯзгореро барои латту кӯби хонанда аз кор ронданд


Омӯзгори мактаби №36-ро дар ноҳияи Хонқаи вилояти Хоразми Узбекистон баъди латту кӯби хонандаи синфи 1 аз кор ронданд. Дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Узбекистон Сурайё Раҳмонова хабар дод.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латту кӯби кӯдак нашр шуда буд.

Ин ҳодиса рӯзи 23 феврал дар мактаби №36 дар ноҳияи Хонқа рух додааст.

Дар додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардаанд.

Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак гуфт, мактаб рӯзи 1 март шартномаи меҳнатиро бо омӯзгор бекор кардааст.

XS
SM
MD
LG