Ин сериол, ки охири соли 2023 нашр шуд, дар бораи гуруҳҳои кӯчагӣ ва гуруҳбозӣ қисса мекунад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ин филм "маҳз ба хотири бори дигар президент интихоб шудани Путин" сабт шудааст ва ба ин далел дар чанде аз кишварҳо намоиши он манъ шудааст.
Муаллифи ин сериол Андрей Золотарёв рӯзи 19 март ба пойтахти Узбекистон шаҳри Тошканд сафар мекунад.
Ин сериолро дар Узбекистон на танҳо манъ накарданд, балки бо забони узбекӣ тарҷума кардаанд.
Бархе аз фаъолони узбекистонӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки омадани муаллифи сериоли мазкур метавонад, ба тафаккури ҷавонони узбекистонӣ таъсири манфӣ расонад.