Ба гуфтаи Ҷабборов, вай ду маротиба Матраимовро қабул кардааст, ки дар мулоқоти аввал Колбоев ҳамроҳи вай будааст.
"Дар он мулоқотҳо раиси КДАМ ҳузур дошт. Ман Колбоевро ҳушдор додам: "Замонҳои гузаштаро фаромӯш кунед. Одамон ва тиҷоратро ғорат накунед. Аз сари сиёсатмадорон ва сармоягузорон набояд як тори мӯ афтад. Аз ин баъд хомӯшона, бар асоси қонунҳои Қирғизистон зиндагӣ кунед". Мутаассифона, ғорат қатъ нашуд. Далелҳое ошкор шуд, ки онҳо амволи бархе тоҷиронро аз худ кардаанд", - нақл кард Ҷабборов.
Дар мулоқоти дувум танҳо Матраимов будааст, гуфт Ҷабборов. Бино ба нақли вай, дар ин мулоқот Ҷабборов ба Матраимов гуфтааст, ки оромона зиндагӣ кунад ва "ба корҳои худаш машғул шавад" ва бо ҷинояткорон равуо накунад.
"Мутаассифона, вай робитаашро қатъ накард. Мақомоти махсус исбот карданд. Баъди он ки вай 2 млрд (сом) пардохт мақомот дигар амволи Матраимовро ошкор накарда буданд. Акнун ҳамаи дороиҳои ӯро ошкор карданд ва ба фоидаи давлат мусодира мешаванд", - гуфт Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории "Кабар"-и Қирғизистон.
Соҳибнуфузи ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев моҳи октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкеки он кишвар кушта шуд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, Колбоев дар ҷараёни амалиёти махсус оид ба боздошти ин соҳибнуфузи ҷиноӣ кушта шудааст.
Баъди марги Колбоев мақомоти Қирғизистон таъқиби ҷиноии муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимовро шуруъ карданд. Ба илова, мақомоти Қирғизистон гуфтанд, амволи Матраимовро ошкор ва мусодира мекунанд.
Маълум нест Матраимов дар куҷо паноҳ бурдааст.