Дар қатъномае, ки иҷроишаш ҳатмӣ нест, омадааст, Русия ҳамоно ба иқтисоди Арманистон таъсири ҷиддӣ мерасонад ва ба ҳамин хотир Ереван ба эҳтимоли давр задани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нисбати Москва бояд таваҷҷуҳ кунад.
Порлумони Аврупо ҳамчунин аз ширкатҳои аврпоӣ ва сармоягузорон даъват кард, ки робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷориро бо Арманистон тақвият диҳанд.
Дар қатънома ҳамчунин омадааст, дар солҳои охир дар Арманистон тағйироти ҷиддии сиёсӣ рух додааст ва ҳукумат уҳдадор шудааст, ки фаъолияти ниҳодҳои демократиро таъмин кунад.