Ссылки доступа

Раиси Сенати Қазоқистон пешниҳоди қабули қонун дар бораи "раҳбари хонавода"-ро шарҳ дод


Раиси Сенати порлумони Қазоқистон Маулен Ашимбоев 14 март пешниҳоди вакилони маҷлисро дар бораи қабули қонуне, ки нақши мардонро дар оила тақвият мебахшад, шарҳ дод.

"Фикр намекунам, ки барои ҳимояти мард қонун зарур бошад. Дар умум меъёрҳое мавҷуд ҳастанд, ки шаҳрвандони мо, занон ва мардонро ҳимоят мекунанд. Мо ҷавобгарӣ ба кирдорҳои гуногуни ҷиноиро пурзӯр мекунем. Баъд аз қабули қонун дар бораи зуроварии хонаводагӣ, ки ҳоло дар сенат баррасӣ мешавад, назорати вазъро идома медиҳем", - изҳор дошт ӯ.

Вакили маҷлис, палатаи поёнии порлумони Қазоқистон Ёрмурод Бапӣ ҳангоми баррасии лоиҳаи қонун дар бораи таъмини ҳуқуқи занон ва ҳимояти кудакон пешниҳод кард, ки барои баланд бардоштани нақши мард дар хонавода қонуне қабул карда шавад. Пешниҳоди Бапиро чанд вакили дигари порлумони Қазоқистон низ ҷонибдорӣ карданд.

Коршиносон мегӯянд, сатҳи мардсолорӣ дар ҷомеаи Қазоқистон хеле баланд аст. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, дар он кишвар занон ҳамарӯза аз ҷониби мардон ё хешовандонашон мавриди хушунати равонӣ ва ҷисмонӣ қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG